Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳокимаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экпертизаи давлатии экологӣ

IMG_3857 (Копировать)

24 декабр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавзӯи «Талаботи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ ва пешбурди фаъолият дар ин самт» машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ доир гардид.
Сардори шуъбаи экспертизаи даавлатии экологии Кумита Саидусмон Судуров дар бораи қонунгузорӣ, дигар масъалаҳои вобаста ба экспертизаи давлатии экологӣ, моҳият ва зарурати омӯзиши объектҳои экпертизашавандаро ба тариқи призентатсия ба иштирокдорон фаҳмонда дод.
Дар охир роҷеъ ба мавзӯи баррасишаванда суолҳо дода шуда, ба онҳо аз тарафи С. Судуров ҷавобҳои мушаххас дода шуд.