Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмун дар арафи соли нави 2016 қадрдонӣ гардиданд

IMG_3883 (Копировать)

31 декабр бахшида ба соли нави 2016 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода кормандони Кумита ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро бахшида ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт”, солҳои 2015-2015, ки бо Фаромоши Раиси Кумита аз 2 феврали соли 2015, №11 байни кормандони воситаҳои ахбори омма эълон гардида буд, табрику таҳният гуфт.
Дар ҷамъомади солинавӣ қайд гардид, ки моро дар соли 2016 вазифаҳои муҳимтаре дар пеш истодааст, ки иҷрои самарабахши онҳоро бе ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маориф, тандурустӣ, зиёиён, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавон ба таври зарурӣ ва дилхоҳ амалӣ намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо ҳамкории дастаҷамъона дар соли 2016 ба тамоми муваффақиятҳои шоён дар беҳдошти муҳити зист ва солимии ҷомеа ноил хоҳем шуд.
Сипас аз ҷониби Раиси Кумита Х. Ибодзода ба ғолибони озмун Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Ҳамзамон алоҳида ғолибони озмуни мазкур суханронӣ намуда, минатдории худро ба роҳбарияти Кумита барои таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба рӯзноманигорон изҳор доштанд.