Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти соли 2015-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист натиҷагирӣ карда шуд

IMG_3905

8 январи соли 2016 ҷаласаи Мушовара Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2016 муайян гардид. Ҷаласаро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, масъалаҳои муҳокимашавандаро мувофиқи муқаррароти ҷорӣ пешниҳод кард.

Дар ҷаласа 3 массъала, аз қабили  натиҷагирии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016,  дар бораи риояи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳои  истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум  мавриди баррасӣ қарор  дода шуданд. Масъалаи дигар дар бораи эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии раёсату шуъба ва бахшҳои Кумита бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба Қарори ҷаласаи Мушовара пешниҳод карда шуд.

Аз рӯи масъалаи якум Раиси Кумита Х. Ибодзода маърӯза намуда, фаъолияти ҳамаи самтҳои Кумитаро батафсил мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дод. Қайд гардид, ки дар баробари муваффақиятҳои намоён дар соли ҳисоботӣ, инчунин камбудиву норасоиҳои зиёде дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ мавҷуданд, ки ҳалли онҳо аз тамоми воҳидҳои сохторӣ масъулияти баландро тақозо менамояд. Қайд карда шуд, ки соли 2016 вазифаҳои мушаххас дар  пеш истодааст. Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурї  ва Нақшаи чорабиниҳои  Кумита дар доираи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагї ва таблиѓотиро  вусъати бештар  мебояд дод. Ба муовини Раиси Кумита Ойхон Шарифова супориш дода шуд, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани чорабинии мазкур ҳуҷҷатҳои лозимаро оид ба эълони озмун байни раёсату шуъба ва бахшҳои Кумита дар муҳлатҳои муайяншуда, пешниҳод намояд.

Доир ба масъалаи дуюми ҷаласаи Мушовара Муовини Раиси Кумита Шамс Назаров суханронӣ карда, доир ба ин масъала намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ба ҷаласа даъват шуда, бо кормандони Кумита масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасї намуданд дар бораи ин масъала қарори Мушовара қабул шуд.

Дар ҷаласаи Мушовара Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода Сафар иштирок ва суханронӣ намуд. Дар умум фаъолияти Кумита дар соли 2015 мусбат арзёбӣ карда шуд.

Дар оихир ба алоҳида кормандни воҳидҳои зертобеи Кумита, ки муваффаққиятҳои меҳнатӣ ба даст овардаанд, бо инъому Ифтихорномаҳои Кумита сарфароз гардонида шуданд.