Аксияи навбатии экологӣ дар ноҳияи Шаҳритуз

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз, дар доираи омодагиҳо ба оғози Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» санаи   2-юми июни соли ҷорӣ, дар ҳудуди ноҳия аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил”-ро ташкил намуд. Дар аксияҳои мазкур кормандони ташкилоту сохторҳои гуногун ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар карда шуданд.

Аз тарафи роҳбарияти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои тоза кардани партовгоҳҳои ғайрирасмии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз техникаҳои пуриқтидор сафарбар карда шуданд.

Дар натиҷа ҳудуди 200 куб партовҳо аз партовгоҳҳои мазкур бароварда шуд.

Дар аксияҳои мазкур хизматчиёни ҳарбӣ низ бо шавқи баланди ватандӯстӣ иштирок варзиданд.

Дар оянда низ баҳри иҷрои чорабиниҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ташкили чунин аксияҳои дастаҷамъона дар назар дошта шудааст.