Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳлили фаъолияти Кумита дар нишасти матбуотӣ

IMG_4010

19 январи соли 2016 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Чорабиниро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оѓоз намуда, қайд кард, ки соли 2015 Кумита дар партави сиёсати Роҳбари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти экологӣ ва беҳдошти некўаҳволии мардум, дар доираи  салоҳияти худ фаъолият бурда,  ба як қатор муваффақиятҳо ноил гашт. Зикр гардид, ки солҳои охир маъсалаҳои экологӣ дар маркази диққати ҳукуматҳои кишоварҳои мухталиф, ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ қарор гирифтанд. Таъкид гашт, ки мушкилоти экологӣ  аз як кишвар ба кишвари дигар гузашта, характери минтақавию глобалиро қабул мекунад. Дар ин самт иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат оид ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла баррасии масъалаи истифодабарии  оқилонаи захираҳои обӣ дорои аҳамияти муҳими умумиҷаҳонӣ мебошанд.

Баъдан, тибқи муқаррароти баргузории  нишасти матбуотӣ байни кормандони воситаҳои ахбори омма, роҳбарият ва масъулони Кумита суолу ҷавоб сурат гирифта, таваҷҷуҳи журналистонро бештар масъалаҳои мубрами ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла пешбурди назорати давлатӣ,  ҳолати паровҳо дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пайомадҳои таѓйирёбии иқлим ва иқдоми Кумита дар ин самт, шикори ѓайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ, додани иҷозат доир ба коркарди  растаниҳои шифобахш, татбиқи барномаву лоиҳаҳои соҳавӣ ва ѓайра ба худ ҷалб намуд. Аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони Кумита ба саволҳои журналистон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.