Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ояндаи моро равшану мунаввар хоҳад кард

IMG_4078

20 январи соли 2016 кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мақомоту сохторҳои дигари давлативу ҷамъиятӣ пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи телевизион сарҷамъона тамошо намуданд.

Дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат фаъолияти соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи пешрафти минбаъдаи   дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум  мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.

Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист Паёмро иқдоми устувор баҳри ҳадафҳои созанда эътироф карда, иброз доштанд, ки ҳар як шаҳрванд бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва фаъолияти пурмаҳсул метавонад ба тамоми нияту орзуҳои неки худ расад.

Доир ба иҷрои супоришу ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, аз ҷониби Кумита Нақшаи чорабиниҳо таҳияву тасдиқ гардида, вазифаҳои кормандону мутахассисони тамоми воҳидҳои сохторӣ муайяну мушаххас хоҳад шуд.