Таҷлили Иди соҳавӣ дар ноҳияи Шаҳритуз

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5-июн, 1-уми июни соли 2018, дар боғи фарҳанги фароғатии ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Шаҳритуз, Оймаҳмадзода Рамазони Алихон суханронӣ намуда, ҳозиринро шодбош гуфт.

Ҳамзамон, дар чорабинии идона хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва муассисаҳои томактабии ноҳия, инчунин оммаи васеи аҳолӣ ҷалб карда шуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва муассисаҳои томактаби дастранҷи худро дар ҳошияи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани соли 2018, ба маърази тамошо гузоштанд.