Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомӯзӣ: «Зарурати таҳия ва қабули «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»»

SAM_2438

Тибқи нақшаи гузаронидани семинарҳои бозомӯзӣ 21 январи соли 2016 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии  семинари бозомӯзии  баргузор шуд.

Мавзӯи машғулият «Зарурати таҳия ва қабули «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» буда, аз ҷониби сардори Бахши обуҳавошиносии Кумита Валихӯҷа  Қурбонов  маърӯза пешниҳод шуд.

Дар чорабинӣ қайд гашт, ки таҳияи Стратегияи миллӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти омӯхтани роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар  рушди соҳаҳи иқтисодиву ичтимоии мамлакат таъсиргузор хоҳад буд.

Пас аз маърӯза оид ба мавзӯъ суолу ҷавоб барпо шуда, иштирокдорон ба масъалаҳои дахлдори мавзӯи баррасишуда  андешаронӣ намуданд ва ҳамчунин ба суолҳои додаи хеш аз ҷониби        В. Қурбонов ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Машғулиятҳо дар доираи  семинари  бозомӯзии нақшавӣ моҳе чанд маротиба гузаронида шуда,  барои баланд бардоштани  сатҳи тахассусию донишомӯзии кормандон аҳамияти хоса дорад.