Таҷлили бошукӯҳи 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945  дар минтақаи бозори марказии «Панҷшанбе»и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 60 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва намояндагони ҳамаи сохторхои давлатӣ 73-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба ботантана таҷлил карда шуд.

 

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи Ғалабаро бар фашизмро ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузашта ёдовари менамояд.

Диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан аз ёду хотираи одамон зудуде намегардад.