Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии кормандони Кумита

IMG_4146

26 январи соли 2016 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Паёми солонаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 20 январи соли равон иҷроъ гардид, бо иштироки кормандону мутахассисони соҳавӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили  ҳаматарафаи  татбиқи сиёсати  давлатии иқтисодиву  иҷтимоӣ тайи солҳои сипаригашта ва вазифаҳо  барои  ояндаи наздик дода шудааст.  Дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ инчунин масъалаҳои муҳимтарини соҳаи ҳифзи муҳити зист низ дарҷ ёфтаанд. Аз ҷумла: истифодабарӣ аз энергияи барќароршаванда, ки солимии экологии кишвар аз он вобаста аст; ташаккули  «иќтисоди сабз»; ҳифзи муҳити зист, ки он дар мадди аввал  аз муносибати дилсўзонаи корхонаю ташкилотҳо ва маърифати экологии аҳолӣ вобаста аст; мутобиќшавӣ ба таѓйирёбии иќлим; коҳиши партовҳои гази карбон; истифодаи оќилонаи захираҳи об; ҳамкориҳои байналмилалию минтаќавӣ, дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об; татбиќи иќдоми нави байналмилалии Ҷаноби Олӣ «Об барои рушди устувор» ва дигар масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор наќши калидӣ доранд.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаи мазкур тамоми воҳидҳои сохтории тобеъ  ва сохторҳои зертобеи Кумита  вазифадор карда шуданд, ки матни Паёми Сардори давлатро дар маҷлисҳои васеъ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, ҷиҳати дастуру супоришҳо ва нуктаҳои тавсияшуда Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда,   раванди оҷрои он дар маҷлисҳои назоратии Кумита  баррасӣ гарданд.

Инчунин, супориш дода шуд, ки рафти иҷрои чорабиниҳои Кумита оид ба дастуру супоришҳои дар Паёми Ҷаноби Олӣ баёнгашта тариқи нашрияҳои «Ҳифзи табиат» ва рўзномаи «Инсон ва табиат» ба таври васеъ тарѓиб карда шавад.