Маҷлиси назоратӣ дар Кумита

13.06.2018 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратии Раиси Кумита  оид ба муҳокимаи натиҷаҳои санҷиши комплексии фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи  Кӯлоб ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти зертобеи онҳо баргузор гардид. Оид ба масъалаи мазкур сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. Ш. баромад кард.

Дар маҷлиси назоратӣ ахбороти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Раҳимов Ш., сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Миралиев А., сардорони шуъбаю бахшҳои соҳавии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Кушониён ва Хуросон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргашта шунида шуд.

Маҷлиси  назоратӣ аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда, барои иҷрои он ба мақомоти дахлдори соҳавӣ супориш дод.