Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷишҳои ҳавои атмосфера дар вилояти Суғд

01

Раёсати ҳифзи муҳити зист дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзўр намудани назорат оид ба кам намудани партови моддаҳои зараровар ба фазои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт, дар  шоҳроҳи Б. Ғафуров – Хуҷанд санаи 2 феврал рейди фаврӣ гузаронид.

Мутахассисони Раёсат,  шўъбаи назорати таҳлилии Раёсат ва шўъбаи милитсияи экологӣ ташхиси воситаҳои  нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногунро оид ба риояи меъёру стандартҳои давлатӣ гузаронид.

Дар рафти рейд 60 адад нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногун аз ташхиси аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба фазои атмосфера дар натиҷаи сўхтани сўзишворӣ (сузишвории дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 10 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (газӣ карбон ва дуд) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд. Барои риоя накардани меъёру стандартҳои давлатӣ ва риоя накардани талаботи моддаи 20-и Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳо барои  андешидани чораҳои дахлдор ба БДА-и шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд.

Баргузории чунин рейдҳо дар миқёси дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба нақша гирифта шудааст.