Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлиси назоратӣ

IMG_4173

Дар маҷлиси назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 феврали соли ҷорӣ баргузор гашт, мувофиқи реҷаи  корӣ  масъалаҳо оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, №408 «Дар бораи Барномаи барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ дар солҳои 2007-2016», дар бораи таҳлили санадҳои қонунгузорӣ ва қабули санадҳои зерқонунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, баррасии санади меъёрии ҳуқуқии «Нишондоди методӣ дар бораи ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист» ва дар бораи рафти иҷрои Фармоиши Раиси Кумита аз 22 сентябри соли 2015, №115 «Дар бораи таъсиси гуруҳи корӣ оид ба ҳисоби пардохтҳои ҳатмии экологӣ барои ифлоскунии муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо дар корхонаҳои калони саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлилу    баррасӣ    қарор    гирифтанд.
Аз рўи масъалаҳои зикргардида ахбороти Муовини Раиси Кумита Назаров Шамс Бароталиевич, Директори Агентии обуҳавошиносӣ, сардорони Раёсати корҳо ва Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ  шунида, муҳокима        гардид.
Дар ҳошияи баромадҳо муовинони Раиси Кумита О. Шарипова ва Шамс Назаров оид ба масъалаи муҳокимашаванда, натиҷаҳои корҳои амалигашта, камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Аз рўи масъалаҳои муҳокимашуда Раиси Кумита Х.Ибодзода баромад карда, ҷиҳати бартараф кардани  камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

    Аз рўи ҷамъбасти муҳокимаи масъалаҳо, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳалли баъзе камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, қарори дахлдор қабул карда шуд.