Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шанбегӣ дар н Б.Ғафуров

Шанбеги дар . Б.Гафуров

Бахши ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист 6 -уми феврали соли ҷорӣ аксияи «Ободонии маҳалли зист»-ро гузаронид.

    Дар он зиёда аз 100 нафар кормандони корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Б.Ғафуров, корхонаи давлатии коммуналии н.Б.Ғафуров ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров иштирок доштанд. Дар рафти шанбегӣ партовҳои шоҳроҳи Деҳмой-Конибодом дар минтақаи Рухаки н.Б.Ғафуров аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуда, 250 адад ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Ҳамчунин партовҷойҳои ин мавзеъ ҳамвор ва рӯйпуш карда шуд.

    Баргузории ин гуна чорабиниҳо бахшида ба чорабиниҳои ҷашнӣ ва дар арафаи Иди байналмилалии Наврўз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.