Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмарка – фурўши ниҳолҳо, гулу гулбутта, тухмии гулҳо дар шаҳри Кўлоб баргузор гардид

7-феврали соли 2016-ум дар шаҳри Кўлоб ярмарка-фурўши ниҳолҳо, гулу гулбутта, тухмии гулҳо ва зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ярмарка аз шаҳру ноҳияҳои минтақа 24-хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва шахсони алоҳидаи ба ниҳолпарвари шуѓлдошта иштирок намуданд.

Аз тарафи онҳо ба мардум зиёда аз 93 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 9 ҳазор бех ҳамешасабз, 15 ҳазор бех сояафкан, ҷамъ 11,7 ҳазор  бех ниҳолҳо, 185 кг тухми гулҳо ва 1060кг тухмии дарахтону зироатҳои кишоварзӣ барои фурўш пешкаш карда шуд. Инчунин аз тарафи хонандагони 20 – муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кўдакистонҳои шаҳри Кўлоб ва донишгоҳи давлатии Кўлоб гулҳои зиндаи хонагӣ дар ярмарка ба намоиш бароварда шуд.

Ба иштирокчиёни ярмарка аз тарафи мутахассисон тарзи усули шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан ва коркарди химиёвии онҳо тавсияҳо дода шуд. Дар охири чорабини аз тарафи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Д.Ќ ба ноҳияҳо, хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, ҷангал, мактабу кўдакистонҳо барои иштироки фаъолонаашон сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ифтихорнома ва тўҳфаҳои таъсисдодаи Бозрасӣ, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои  минтақа супорида шуд.