Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

05

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суѓд баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Дар рафти аксия ба миқдори 188 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, бо нақлиётҳои махсуси партовкашони КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳ бароварда шуд.

Дар ин чорабинӣ  дар маҷмӯъ беш аз 360  нафар сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Аз тарафи Раёсат иштирокдорони аксия бо 500 адад халтаҳои полиэтиленӣ барои ҷамъоварии партовҳо ва 300 адад дастпӯшакҳои корӣ таъмин карда шудаанд.