Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари корӣ дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

IMG_4194

10-уми феврали соли 2016  дар толори Кумита семинари корӣ дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Семинарро бо сухани ифтитоҳи Муовини Раиси Кумита Назаров Ш.Б оғоз намуд. Дар семинари мазкур  коршинос-ҳуқуқшиноси маҳаллии Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухориев Ҷиёншоҳ дар мавзӯи «Заминаи ҳуқуқии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва коршинос-иқтисодчии ҳамин Муассиса Султонов Фаррух дар мавзӯи «Асосҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» суханронӣ намуданд. Дар муҳокимаи масъала инчунин кормандони Дастгоҳи Марказии Кумита низ иштирок карданд. Дар анҷоми семинар аз ҷониби иштироккунандагон савол ва ҷавобҳои мушаххас сурат гирифт.