Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи «Ваҳдати миллӣ»

Имрӯз 26.06.2018 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад Муовини Раиси Кумита  Назарзода З.М. оид ба ин ҷашни таърихӣ ва фаромушнашаванда баромад намуда, тамоми кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро аз номи Раиси Кумита табрик намуд. Оиди ин рӯзи таърихӣ роҳбарият ва собиқадорони фаъоли Кумита ёдовар шуда, талошу заҳматҳои Пешвои миллат Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҷавонон расониданд ва соддаву фаҳмо ба онҳо зикр карданд. Дар охири ҷамъомади мазкур тамоми кормандон махсусан ҷавонон  аз ин ҷашни таърихӣ огаҳӣ пайдо карда, ба қадру қиммати Ваҳдат фикррони намуданд.