Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозомӯзии мутахассисони соҳа

Семинар барои сайт

Санаи 12 феврали соли равон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд машӯулияти навбатии семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони соҳа гузаронида шуд. Мувофиқи барнома пеш аз баромадҳои омӯзишӣ, намоянда аз КИ ҲХДТ шаҳри Хуҷанд, устоди Донишгоҳи иқтисод ва савдо Азимов А. оид ба нуқтаҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд.

Дар семинари мазкур инчунин мавзӯҳои тартиби гузаронидани санҷишҳо дар корхонаву ташкилотҳо, тартиб додани санаду дигар ҳуҷҷатҳои санҷишӣ дар самтҳои замин, партов, об, атмосфера, ташвиқоту тарғибот ва иттилооти экологӣ, аз ҷумла барномаҳои соҳавӣ баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон дарсҳои амалӣ вобаста ба мавзӯъҳои мавриди баррасӣ қарордодашуда доир гардид. Дар рафти семинар аз ҷониби иштирокчиён оиди масъалаҳои мавҷуда  музокираҳо сурат гирифт.