Баргузории маҷлиси умумӣ дар Кумита

Санаи 29.06.2018 дар Дастгоҳи марказии Кумита маҷлиси умумӣ оид ба пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  баратараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда баргузор гардид. Дар ин маҷлис кормандони Дастгоҳи марказии Кумита иштирок доштанд. Доир ба пешниҳоди мазкур Сардори Раёсати корҳо Саидов Вайсиддин баромад намуд. Масъалаи болозикр дар якҷоягӣ ҳаллу фасл гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои муайянгардида қарор қабул карда шуд ва барои иҷро ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба мақомоти зертобеи Кумита фиристонида шуд.