Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омўзишӣ оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_4206

16 феврали соли 2016 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари бозомўзӣ баргузор гардид.   Семинар аз рўи 3 масъала, аз қабили лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳлили масъала ва супоришҳои дар Пайёми Роҳбари давлат баёнгардида» ва   «Ҷамъбасти Соли оила  дар ҷумҳурӣ ва натиҷаҳои он дар устувории ҳаёти оилавии кишвар» шунида шуд.

Аз рўи масъалаи якум Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, дар пешрафти рўзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерўи инсонӣ нақши арзанда мебозад. Аз рўи ин масъала фикру андешаҳои дигар иштирокчиёни семинар шунида шуда, лоиҳаи пешниҳодшударо қобили дастгирӣ ҳисобиданд.

Баъдан аз рўи масъалаи дуюм ва сеюми бозомўзӣ Сардори шўъбаи Экспертизаи давлатии экологӣ Судуров Саидисмон ва Раиси Шўрои занони Кумита Худойназарова Гулбаҳор маълумот дода, масъалаҳои мазкур баррасӣ гаштанд.