Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

1. Сардори Шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансабӣ 1334,80 сомонӣ; (категорияи сеюм)

2. Сармутахассиси Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол, маоши мансабӣ 894 сомонӣ; (категорияи панҷум)

3. Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ; (категорияи панҷум)

4. Сармутахассиси Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ; (категорияи панҷум)

5. Мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансабӣ 733,20 сомонӣ; (категорияи шашум)

6. Мутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)

7. Мутахассиси Шуъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи панҷум;

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи шашум;

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

— 1 сол собиқаи меҳнатӣ.

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум;

— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

— ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозааш 4 х 6)

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бағайр аз ҳолате, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон пешниҳод намоянд.

Оид ба гирифтани маълумотҳои иловагӣ метавонед тариқи сомонаи ecosugd.tj ё ба суроғаи ш.Хучанд, хиёбони Р.Набиев №211, муроҷиат намоед. Телефонҳо: (3422) 6-03-95, 4-39-27