Вохӯриии навбатии Раиси Кумита бо роҳбари миссияи Бонки Рушди Осиё, Натан Рив

Санаи 2 июли соли 2018 вохӯрии Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода бо Натан Рив, роҳбари миссияи Бонки Рушди Осиё роҷеъ ба амалишавии лоиҳаи ТП 8090-TAJ: Рушди иқтидор барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба итмом расидани лоиҳаи кӯмаки техникӣ ба истифодабарандагон дастрас намудани таҷҳизотҳои аз ҷониби лоиҳа харидоришуда, таҳияи чорабиниҳо вобаста ба омодагии Агентии обуҳавошиносӣ барои амалисозии лоиҳаи Идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Панҷ (маблағгузории иловагӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ба Натан Рив барои саҳми арзандааш дар амалишавии лоиҳаи мазкур миннатдории самимии худро изҳор намуд.