Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

20160206_095428_fx7 (1)

Баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон санаҳои 6 ва 13 феврали соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев назди  дарёи Сир аз назди пойгоҳи  обкаши Ёва- Арал то назди бинои КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.  

    Дар чорабинӣ кормандони, сокинони маҳалла, кормандони ташкилоту муассисањои  шаҳр иштирок намуданд.          

      Дар рафти аксия 2000 метр назди соҳили дарёи Сир аз партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ тоза карда шуда, аз тарафи кормандони муассисаи партовкашони шаҳр зиёда аз 15 м.3 партовҳо бароварда  шуд.