Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_4222

23 феврали соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

        Чорабиниро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, кормандони мақомоти соҳавӣ ва ҳамчунин тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Х. Ибодзода зимни табрикоти хеш афзуд, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби  ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи  шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

      Дар чорабинии мазкур се нафар аз иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва зарардидагони ҳодисаи Чернобел, ки имрӯз дар сафи кормандону мутахассисони соҳавӣ сарбаландона ифои вазифа менамоянд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.