Таҳияи Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ

28 июни соли ҷорӣ бо мақсади таҳия ва амалии нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ҷаласаи Гурӯҳи корӣ баргузор гардид.

22 майи соли равон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.  Ибодзода ҳамчун аъзои Гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба ноҳияи Мурғоб вобаста мебошад.

Дар ҷаласа Раиси ноҳияи Мурғоб  М. Ҷошбаев дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020 ахбор дод. 

Сипас, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Ибодзода дар робита ба моҳияти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияву амалӣ кардани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Мурғоб ба муносибати                30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.

Х. Ибодзода аз ҷумла қайд намуд, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории ҳамешагӣ нисбат ба рушди минбаъдаи кишвар, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум аст, «бинобар ин ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ин кор мавқеи фаъол дошта бошем». Дар мавриди Нақшаи чорабиниҳои таҳияшаванда Раиси Кумита иброз дошт, ки дар ин ҳуҷҷат бояд мушаххасан нишон дода шавад, ки кадом корҳоро метавон дар давраи солҳои 2018-2021 дар ноҳия ба анҷом расонд, кадом намуди корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, маблағҳои соҳибкорон, шӯроҳои маҳаллӣ, ҷалби дигар воситаҳои маблағгузорӣ ва дар кадом муҳлат иҷро мешаванд. Зарур аст, ки ҳар як чорабинии банақшагирифташаванда дар ҷойҳо муҳокима гардад, воқеӣ ва амалишаванда бошад. 

Раисони ҷамоатҳои ноҳияҳо вазифадор муваззаф гардиданд, ки гурӯҳҳои кории худро дар ҷойҳо таъсис дода, нақшаи корҳои созандагию барқарорсозиро таҳия ва рӯйхати иншоотҳои банақшагирифташударо бо нишон додани муҳлати иҷрои онҳо дар давоми солҳои 2018-2021 ва маблағи хароҷоти корҳои иҷрошавандаро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намоянд. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, расиони ҷамоатҳо вазифадор карда шуданд, ки руйхати ташкилоту корхонаҳои саноатии ноҳияро таҳия ва пешниҳод намоянд, дар ҳудуди ҳар як ҷамоат бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиору овезаҳо ва дигар айёниятро таъмин кунанд, оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатӣ” чораҳои иловагӣ андешанд.

  Раисони ҷамоатҳо вазифадор гардиданд, ки ҳар моҳ аксияҳои “Тозагии манзил” ва “Тозагии соҳил” гузаронида, вазъи экологии нуктаҳои аҳолинишин, ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои дигари дахлдор уҳдадор шуданд, ки лоиҳаи “Боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ” ва “Майдончаи варзишӣ”-ро бо нишон додани макон ва харҷномаи корҳои сохтмонӣ дар муддати як моҳ ба гурӯҳи корӣ пешниҳод намоянд.   

Хоҷагиҳои шикори дар ҳудуди ноҳия  фаъолияткунанда вазифадор гардиданд, ки рӯйхати иншоотҳои сохташавандаи хайриявиро дар ҷамоатҳои ноҳия бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мувофиқа карда, онро ба Нақшаи чорабиниҳои ноҳия ворид намоянд.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб вазифадор карда шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани бинои  маъмурии шуъба ва осорхонаи “Марко Поло”-ро то моҳи августи соли 2018 ба анҷом расонида, барои супоридан ба комиссияи давлатӣ омода намояд.

Дар анҷоми ҷаласа аъзои Гуруҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Мурғоб Хайрулло Ибодзода изҳори боварӣ намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо, шӯроҳои маҳаллӣ, зиёиёну фаъолон баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар супоришҳои Роҳбари давлат, тараққиёти минбаъдаи ноҳия ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ саҳми худро мегузоранд.