Фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2018 натиҷагирӣ карда шуд

5 июли соли xорӣ ҷаласаи васеи кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 доир гардид. Дар xаласа ҳисоботи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ш. Раҳимов дар самтҳои мухталифи соҳаи ҳифзи муҳити зист шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат дар баробари корҳои иxрогардида, камбудию норасоиҳое, ки дар фаъолияти кори Раёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шиҳру ноҳияҳо, ки  дар ин давра вуxуд доштанд, қайд карда, xиҳати бартараф намудани онҳо хулосаю пешниҳодҳои мушаххас дод. 

Дар кори xаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Xумҳури Тоxикистон З. Назарзода иштирок ва суханрони намуд.

Ҳамчунин, сардорну мудирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Xайҳун, Вахш, Данғара, Кӯлоб, Хуросон, Панx, Восеъ ва Фархор xиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаашон то xамъбасти 9-моҳи соли xорӣ муҳлат дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷойҳо фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2018-и сохторҳои Кумита натиҷагирӣ карда шуда истодаанд.

Дар охир аз руи ҳисоботу баромадҳо xаласаи мазкур қарорҳои дахлдор қабул намуданд.