Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар ҳудуди партовгоҳи заҳркимиёвии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон

IMG_4265

Баҳри амалигардонии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон 26 феврали соли ҷорӣ дар боғи навбунёди атрофи партовгоҳи заҳркимиёвии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки масоҳати умумии  он 5 гектарро ташкил  мекунад, ҳашари умумии ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, дигар воҳидҳои сохтории ҳифзи муҳити зисти минтақаи Қурғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи марказ иштироки фаъол доштанд. Инчунин дар маъракаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш иштирок ва дар ҷараёнӣ ниҳолшинонӣ саҳмгузорӣ намуданд.

Ниҳолҳои мевадиҳанда асосан аз шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва Рўдакӣ оварда шуда, аз навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла себи биҳӣ, зардолу, шафтолу ва гелос иборат буд, ки дар маҷмуъ 1400 бехро ташкил дода, дар асоси тавсияҳои мутахассисон ба мавзеи номбурда мувофиқ шинонида шуданд. Коршиносони соҳавӣ бар он назаранд, ки ниҳолҳои интихобшуда барои мавзеи номбурда ниҳоят муҳим буда, ба муҳофизати  муҳити  зист ҳамаҷониба мусоидат менамояд.  

Чуноне қайд гардид, боғи тозабунёди мазкур дар масоҳати 5 га доман афрохта, бо иқдоми Кумита дар Партовгоҳ ва атрофи он корҳои муайяне  то имрўз амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла гирду атрофи боғ ба симтур маҳкам карда шуда, барои нигоҳубини ниҳолони шинонидашуда зарфи обнигоҳдорананда ва хатҳои обрасон ташкил гардидаанд. Масъулини воҳидҳои сохтории вилоятӣ  муваззаф гардидаанд, ки  ҳолати  сабзиши бенуқсони қитъаи  ба онҳо вобасташударо таъмин намоянд. Ба ғайр аз ин дар назар дошта шудааст, ки мавзеи навбунёд бо  боғбону боғпарвари доимӣ таъмин карда  шуда, обёрии чакрагӣ роҳандозӣ мегардад.