Ҷаласаи ҳисоботии шашмоҳа оид ба фаъолияти нимсолаи Кумита

10 июли соли равон дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳисоботи шашмоҳаи соли 2018 баргузор гардид. 

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода  ифтитоҳ намуд. Сипас дар назди ҳозирин муовини Раиси Кумита Саидумрон Абдураҳмонзода доир ба фаъолияти  нимсолаи Кумита бо маърӯзаи ҳисоботӣ  баромад кард. Ҳамчунин, сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, директори Агентии обуҳавошиносӣ аз натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи сохторҳояшон маълумот ироа намуданд.

Зимни  маърӯзаи ҳисоботӣ қайд карда шуд, ки Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли 2018 якҷоя бо сохторҳои тобеи худ, инчунин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тибқи қонунгузориии амалкунанда, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарору фармоишҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли проблемаҳои ҷойдоштаи экологӣ, татбиқи барномаву нақшаҳои миллӣ, вусъати ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва пурзӯр намудани назорати давлатии ҳифзи муҳити зист равона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Яке аз чорабиниҳои  фараҳбахш ва муҳимтарини  ин давра-ин дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 марти соли равон расман оғоз гаштани татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” мебошад. Дар кори Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии мазкур,  ки рӯзҳои 20-22 июн дар  шаҳри Душанбе баргузор шуд, мутахассисону коршиносони Кумита фаъолона иштирок карда, масъалаҳои захираҳои обии вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зистро дар доираи чорабиниҳои марбута  бо мутасаддиёни байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонию кабудизоркунӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Дар давоми семоҳаи якуми соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ ба миқдори 1972506 бех навниҳолҳои дарахтон, аз он ҷумла: 1213214 бех сояафкан, 394680 бех ҳамешасабзу ороишӣ, 364612 бех мевадиҳанда, инчунин 6285660 бех гулу буттаҳо ва 249101 дона қаламча шинонида шуда, дар майдони 617 гектар боғҳои нав бунёд  ва 193 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шудааст.

Дар самти назорати давлатӣ давоми нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он дар маҷмӯъ 1855 амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуданд, ки аз он 377 санҷишҳои нақшавӣ, 1410 адад ғайринақшавӣ, 35 адад санҷишҳои такрорӣ ва 12 адад иловагиро ташкил медиҳанд.

Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 5251 пешниҳодҳои иҷроияшон ҳатмӣ дода шуда, 4130 адади онҳо ё 78,6 фоиз иҷро гардидааст.

Доир ба камбудиҳои ошкоргардида дар мавриди  ирсоли ҳисоботҳои раёсатҳои вилоятӣ, аз тарафи сардорони шуъбаҳои назоратии Кумита тавсияҳо дода шуд.

Дар Ҷаласаи Мушовара ҳисоботи сардорони раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои  ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида ва муҳокима гашта,  қарори дахлдор қабул шуд.

Чанд нафар шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  барои ноил шудан  ба натиҷаҳои  хуби меҳнатӣ  ба Дипломҳои Раиси Кумита  сарфароз гардонида