Вохӯрии Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Олег Гуччелдиев

Тибқи мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 июли соли равон мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FАО) ҷаноби Олег Гуччелдиев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳо роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои техникӣ, тағйирёбии иқлим, амалишавии лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Тарафҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо фонди «иқлими сабз», фонди глобалии экологӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳо изҳор намуданд.

Вохӯрӣ дар руҳияи баланди якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.