Бозтоби фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2018-и Кумита дар нишасти мутбуотӣ

Мувофиқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июли соли 2018, №26/10-133 рӯзи 17 июли соли 2018 толори маҷлисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони васоити ахбори омма, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур хабарнигорон аз шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои давлативу мустақил, аз ҷумла»Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Радиои Тоҷикистон», «Радио Ховар», «Садои Душанбе» “Овози тоҷик”;  нашрияҳои сомонавию чопӣ ва овозӣ, аз қабили «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «АМИТ Ховар»,»Минбари халқ», «Чархи гардун», “Паёми Душанбе”, «Халқ овозӣ»,»Азия плюс», «Авеста», маҷаллаҳои «Тоҷикистон» ва журналистони мустақил иштирок доштанд.

Дар рафти нишаст хабарнигорон бештар ба масъалаҳои пешбурди назорати давлатӣ,  дар самти ҳифзи муҳити зист,аз ҷумла вобаста ба нақшаҳои тарҳрезинамудаи Кумита оид ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ҳолати иҷрои баъзе нақшаи чорабиниҳои Барномаҳои давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи ба роҳ мондани коркарди дуюмбораи партов дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ, оид ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои (рейдҳои) фаврӣ ва пурзӯр намудани назорат дар самти муомилот бо партовҳои маишӣ, миқдори квотаҳои ҷудошуда вобаста ба шикори ҳайвоноти ваҳшӣ, оид ба сабабҳои гармшавии ҳаво, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, миқдори захираҳои барф, ҳолати ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои алоҳидаи  шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, баррасии  масъалаҳои ҳалталаб, ки дар нишастҳои матбуотӣ пешниҳод мегарданд ва баррасии онҳо дар маҷлисҳои назоратии Кумита ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи ҳифзи муҳити зист  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Нишасти матбуотӣ роҳбарияти Кумита, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва масъулини дигари сохторҳои Кумита иштирок намуда,  ба суолҳои сершумори  хабарнигорон посухдоданд.