Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи Модар

IMG_4563

7 марти соли равон дар  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Модар чорабинӣ баргузор гардид. Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода  бонувони корманди Кумитаро ба муносибати идашон табрику муборакбод гуфт. Зимни суханронӣ Х. Ибодзода фасли баҳору  иди модаронро зинатбахши ҳаётӣ тавсиф дода, қайд намуд, ки занону модарон оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллатанд.

Дар чорабинии идона дигар баромадкунандагон Рўзи байналмилалии модаронро, ки ҳамасола 8 март таҷлил карда мешавад, рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои занон  маънидод намуда, таманниётҳои неки хешро ба чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт Зан-Модар баён намуданд.

Дар охир занони Кумита бо тўҳфаю мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.