Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Шаҳритуз

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади иҷроиши талаботҳои нақша-чорабиниҳо оид ба гузаронидани аксияи “Тозагии маҳал” ва талаботи Барномаҳои давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2009-2019, ҳамчунин бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишини шаҳраки Шаҳритуз 20-уми июли соли ҷорӣ, партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ аз партовгоҳи ғайрирасмӣ, ки воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз бароварда шуданд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз баҳри амалигардонии талаботҳои нақша-чорабиниҳои мавҷуда ва иҷроиши талаботҳои Барномаҳои давлатии экологӣ барои беҳбуд бахшидани вазъи экологии кӯчаву маҳалҳои шаҳраки Шаҳритуз фаъолияти пурсамар дошта, баҳри иҷрои рисолати худ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард.