Мулоқоти Раиси Кумита Х. Ибодзода бо намояндаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи розигии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дархости Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2018 мулоқоти Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Суҳроб Олимов бо и.в. сардори шӯъбаи сиёсиву иқтисодии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эндрю Бэри баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи мулоқот Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар бораи саривақтӣ ва муҳим будани ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, доир ба амалишавии Барномаҳои миллӣ маълумот дод. Дар суханронии худ Х. Ибодзода зикр намуд, ки шароити мусоиди ҷуғрофии Тоҷикистон барои рушди сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, аз ҷумла нерӯи бузурги гидроэнергетикӣ мусоид аст. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дорои гази пасттарин дуоксиди карбон қарор мегирад. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки зарурати талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ дар самти ноил гаштан ба рушди устувор, рафъи оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, ҳифзи ҳавои атмосфера, рушди технологӣ ва аҳамияти баланди интиқоли технология аз кишварҳои рушдёфта ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ба миён омадааст.

Мавсуф миннатдории худро ба намояндаи Сафорати ИМА барои ташкили мулоқоти мазкур баён дошта, зикр кард, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи ҳавои атмосфера дар тамоми сатҳҳо ҳамеша омода аст.

Дар рафти вохӯрӣ Эндрю Бэри роҷеъ ба дастовардҳои ИМА дар соҳаи иқтисодиёт, сифати ҳавои атмосфера, ҷудо намудани грантҳо, расонидани кумаки техникӣ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Шри-Ланка ва мақсаду мароми кишвараш ба Тоҷикистон маълумот дод.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ доир ба истифодаи технологияҳои нав роҷеъ ба ифлосшавии ҳавои атмосфера, ки дар ИМА истифода мешаванд, маълумот дода шуд. Инчунин ҳангоми мулоқот амалӣ гардонидани лоиҳаҳо дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера муҳокима ва баррасӣ гаштанд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади табодули таҷриба ва таҳким бахшидан ба рушди иқтидори кадрӣ барои ба ИМА ба таҷрибаомӯзӣ фиристонидани мутахассисони тоҷик, интиқоли технологияҳои навин аз ИМА ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Дар охир намояндаи Сафорати ИМА омодагии кишварашро барои расонидани кумаки техникӣ ба Тоҷикистон дар насби технологияҳои навин дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера изҳор намуда, хабар дод, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе «Нуқтаи мушоҳидаи сифати ҳаво»-ро, ки арзиши он ба 500.000 доллари ИМА баробар аст, насб менамояд.