Ба истифода додани майдончаи варзишии замонавӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Дар доираи чорабиниҳо оид ба таҷлили сазовори ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии замонавӣ кушода шуд. Дар кушодашавии майдончаи мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода,  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Хурсандии сокинони  маҳаллаи номбурдаро ҳадду канор набуд. Онҳо  ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда, чунин иқдоми наҷибонаро барои тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонону наврасон басо муҳим арзёбӣ намуданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ зимни суҳбат бо истиқоматкунандагон изҳор намуд, ки “Месазад, ба қадри ин ҳама ободкориҳо расем ва  дар  ҳифзу нигоҳ доштани маҳали зисти худ саҳмгузор  бошем”.   

Майдончаи мазкур  масоҳати 950 м2-ро дарбар гирифта, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кутоҳтарин муҳлат ва бо сифати баланд сохта шуд. Дар ҳудуди он 2 адад айвон 2 адад таваққуфгоҳ сохта шуда, таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили ҷойҳои  нишаст,  мизи шоҳмот, қуттиҳои партов гузошта шудааст.  Масоҳати роҳраву майдончаҳо 740м2 ва масоҳати кабудизоркунӣ беш аз 255 м2 мебошад. Дар ҳудуди майдонча 50 адад ниҳолони дарахтонӣ ороишӣ ва 2000 бех гулу гулбуттаҳои мавсимӣ шинода шудааст. Маблағи хароҷоти умумии сохтмон 563, 200  сомониро ташкил дода,  корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Дилафрӯз” ба анҷом расонида шудааст.

Мавҷуд будани чунин майдончаҳо ба намои муҳити атрофи биноҳои истиқоматӣ зебоии дигар зам намуда, дар баробари ин насли наврасро дар руҳияи интихоби тарзи ҳаёти солим тарбият менамояд.