Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии татбиқи лоиҳаҳо дар маҷлиси назоратӣ

Фот мач. назор

Дар маҷлиси назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 март баргузор гашт, ҳисоботи амалишавии 2 лоиҳаи экологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҷлисро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, аз рӯи масъалаҳои рўзномаи маҷлис ҳисоботҳои ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» Зафар Маҳмудов ва «Баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» Саидов Фируз шунида шуд.   Оид ба дигар паҳлуҳои лоиҳаҳои амалишаванда суолу таклифҳо пешниҳод  гардида, аз ҷониби баромадкунандагон ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.  

Аз рӯи масъалаи дигари маҷлис,  дар бораи вазъи коргузории Кумита қайд карда шуд, ки назорату таъмини онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд, вале ин самти фаъолият аз камбудињо холї нест.

Бо назардошти баррасии масъалаҳои бамиёнгузошта қарори дахлдор қабул карда шуд.