Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-тренинг дар ноҳияи Варзоб

Дирӯз дар ноҳияи Варзоб бо сокинони  деҳаи Варзоб- калъа  аз  ҷониби  Маркази Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб   ва бо дастгирии  шуъбаи иқтисодиёт ва экологияи Дафтари САҲА  дар Тоҷикистон семинар-тренинг  дар мавзўи «Таъсири вазъиятҳои фавқулодда ба муҳити зисти  ноҳияи Варзоб» баргузор гардид.  

Семинар-тренингро  Сулҳия Содиқова, сардори маркази Орхуси ш. Душанбе  ифтитоҳ намуда, оид ба огоҳонии мардум роҷеъ ба масъалаҳои  пешгирии    офатҳои табиї  дар асоси оқилона истифода бурдани захираҳои табиї,   баланд бардоштани савияи дониши экологї  ва татбиқи онҳо дар замони муосир сухан ронд.

Сипас, Фирӯза Ҳоҷиева –корманди  Барномаи  ҳифзи муҳити зисти шуъбаи иқтисодиёт ва экологияи  Бюрои САҲА дар Тоҷикистон оид ба барномаҳои экологии созмони мазкур ба ҳозирин мухтасар маълумот дод.

Иштирокчиёни семинар  рўйнамо (презентатсия)-и   ходими калони илмии Институти хокшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Эргашевро  оид ба «Таҷрибаҳои заминистифодабарии устувор дар ноҳияи Варзоб» бо завқмандӣ шуниданд.

Дар семинар оид ба пешгирии   вазъиятҳои фавқулодда ва мутобиқшавї   ба вазъияти ҳозираи таѓйирёбии иқлим   ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиї дар ноҳия Қурбонҷон  Кабутов, ходими калони илмии Институти  физикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзўи «Истифодаи воситаҳои  алтернативии энергия  дар шароити ноҳияи Варзоб»  баромад кард.

Ҳозирин оид ба  истифодаи партовҳо, биоҳоҷатхонаҳо,  тозагии дарёи Варзоб  ва дигар масъалаҳои экологї саволҳои зиёд дода, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.