Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷўҳи васоити ахбори умум!!!

Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон барои ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли муаммоҳои экологӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзўи «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда-омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд.

              Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда мешаванд.  Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот дар бораи дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод  бояд намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти Times New RomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электронии tilloevag@gmail.com ирсол карда мешавад.

              Давраи баргузории озмун аз 1 март то 25 августи соли 2016 муқаррар шуда, дар арафаи иди  Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорномаҳои Кумита сарфароз гардонида мешаванд. Мукофотҳо ба ғолибон дар ҷаласаи комиссияи озмун аз тарафи роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 рўз баъд аз эълони натиҷаҳои озмун супорида мешаванд.    

               Телефон барои тамос: 235-44-30