Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

IMG_4712

19 март дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии тантанавии бошукуҳ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикотии Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ифтитоҳ ёфт. Зимни суханронии хеш Х. Ибодзода қайд намуд, ки  яке аз анъанаҳои нек ва асосии   Наврӯз оғози кишту кори баҳорӣ аст. «Мардуми мо аз қадимулаём дар арафаи ин ид ба шинондани ниҳолҳо, шудгори замин бунёди боғҳо машғул мешуданд. Ин анъана имрӯз низ аз ҷониби тамоми мардуми мо пос дошта мешавад».

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки имрӯз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва воҳидҳои сохтории он дар баробари тамоми  мақомоти давлатии кишвар бахшида ба  омодагӣ ва таҷлили  Иди Наврӯз ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тоза нигоҳ доштани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ пешоҳанг бошанд, чунки чунин корҳо ба симои  Ватани азизамон ҳусну таровати  навро зам мекунад ва ҳолати экологию санитарии ҷумҳурӣ боз ҳам солимтар мегардад.  

Хони Наврӯзӣ бо навъҳои таомҳои миллӣ ва ороишоти ҳафтисину ҳафтшин чорабиниро ҷилои тоза бахшида, мутрибони хушилҳон бо савту наво хотири иштирокдоронро шод намуданд.

Ба муносибати љашни Наврўзи аљам 28 нафар кормандони фаъоли соњаи њифзи муњити зист бо фармоиши Раиси Кумита сазовори Ифтихорнома гаштанд.