Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар машғулияти навбатии бозомӯзӣ

Дар машғулияти набатии семинарҳои бозомӯзӣ, ки 9 августи соли ҷорӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»» баргузор гашт, муовини Раиси Кумита Зарина Назарзода иштирок намуда, ба кори бозомӯзӣ оғоз бахшид. Сипас ҳар як бобу бандҳои қонуни болозикр аз ҷониби директори МД Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандахои устувори органикӣ Раҳматулло Хайруллоев тавассути рӯйнамо фаҳмонда дода шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» 12 марти соли 2009, №615 қабул гардида, аз 28 июни соли 2011, №739 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Қонуни мазур аз 8 боб ва 36 модда иборат мебошад.

Дар ҳошияи шарҳи бозомӯзӣ вобаста ба мавзӯъ суолҳо дода шуданд ва ба онҳо Р. Хайруллоев ба таври мушаххас посух гуфт.