Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷўҳи хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии  хонандагони мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ, бахшида ба      25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзўи «Тағйирёбии иқлим дар курраи Замин» барои дарёфти  Дипломи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд.

Озмун дар байни синфҳои  1-4, 5-8, 9-11 бо 9 номинатсия, аз қабили расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, мақолаи беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, сурати беҳтарин, видеофилми беҳтарин, видеоролики беҳтарин, кори таҳқиқотии беҳтарин ва кори меъмории беҳтарин гузаронида мешавад.

Давраи қабули маводҳо аз 1 март то 25 май буда, ғолибон   дар Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист (5 июн) бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд (мукофотҳо аз 100 то 1000 сомонӣ муқаррар шудааст). Хоҳишмандон барои шинос шудан ба шартҳои озмун, метаваонанд ба телефони  235-44-30 занг зананд.

Хонандагоне, ки дар озмун ғолиб дониста мешаванд барои гирифтани мукофот ҳуҷҷати худро (шаҳодатномаи таваллуд)  пешниҳод менамоянд.