Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷўҳи намояндагони ВАО

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи  сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани  маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон барои ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли муаммоҳои экологӣ дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзўи «Истифодаи энергияҳои  барқароршаванда-омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд.

Ба озмун маводҳо  ба забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандагон ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот дар бораи дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намоянд. Ба маълумотномаи нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ, ва телевизионӣ бо фита (диск) ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, ширифти Times New Roman TJ (14)  замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳоро ба суроғаи электронии tilloevag@gmail.com ирсол кардан лозим  аст.

Давраи баргузории озмун аз 1 март то 25 августи соли 2016 муқаррар шуда, дар арафаи Иди Истиқлолияти  давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ѓолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳои Кумита  сарфароз гардонида мешаванд. Мукофотҳо ба ғолибон дар ҷаласаи комиссияи озмун аз тарафи роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми  10 рўз баъд аз эълони  натиҷаҳои  озмун супорида мешаванд.

 

Телефон барои тамос: 235-44-30