Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмун – намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» (YGPE), ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни  илмӣ-техникӣ» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суѓд, 28 марти соли љорї дар муассисаи таълимии № 5-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобољон Ғафуров озмун-намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ доир гардид. Дар чорабинї зиёда аз 200 нафар хонандагони 8 мактаби таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Калъачаи ноҳия  иштирок намуда, беш аз 250 намуди корҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон ғайр аз пешниҳоди  маҳсулотҳои худсохт, инчунин намоишҳои гуногуни шавқовар, саҳначаҳо дар мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ баромадҳо намуданд. Баъзе аз мактабҳо оид ба муаммоҳои экологии минтақаҳои ҷои зисташон призентатсияҳо пешкаш намуданд.

Аъзоёни ҳакамон ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин маҳсулоти худсохти экологӣ, аз ҳамаи маҳсулоти фоидаовар, беҳтарин маҳсулоти эҷодӣ, иштирокдори аз ҳама хурдсол ва ҳавасмандӣ, ҳамагӣ 38 адад туҳфаҳо супориданд. Ҳамзамон, аз номи ташкилкунандагони озмун-намоишгоҳ ба ҳамаи мактабҳо барои иштироки фаъолона ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.