Баррасии масъалаҳо дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар маҷлиси назоратии Кумита

16 августи соли ҷорӣ дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратии назди Раиси Кумита баргузор гашт. Рӯзномаи маҷлис аз 2 масъала  иборат буд, ки аз ҷониби муовини Раиси Кумита З. Назарзода барои  баррасӣ ба овоз гузошта шуд. Дар кори маҷлис сардорони Раёсату шуъбаю бахшҳо, марказҳои Дастгоҳи марказӣ ва масъулни шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис  дар бораи «Вазифаҳои  Кумита ва мақомоти зерсохтори он оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулшуда дар чорабинии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, дар доираи Конференсияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028″ аз 29-22 июни соли 2018»  ҳисоботи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Исфандиёр Шукуров ва директори Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумита Н. Сарабеков шунида шуд. Қайд гардид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита вобаста ба татбиқи Даҳсолаи мазкур аз ҷониби Марказ ва шуъбаи захираҳои об дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои марбутаи Кумита корҳои муайн анҷом дода шуда, бандҳои Нақшаи чорабиниҳо мувофиқи муҳлаташон таъмин гашта истодаанд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис  дар бораи фаъолияти мақомоти дахлдор, ширкату корхонаҳо оид ба риояи қонунгузории ҳифзи муҳити зист дар истихроҷ ва истифодаи  сарватҳои маъмули умум (хок, қуму шағал) дар маҷрои дарёҳои Элок, Кофарниҳон ва Хонақо сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи замин ва муомилот бо партовҳои Кумита Мақсадулло Мардонов гузориш дод. Дар баромади худ М. Мардонов ҳолати воқеии фаъолияти шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои мазкурро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, камбудиҳои ҷойдоштаро пешниҳод намуд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳои мазкур  оид ба риояи қонунгузорӣ дар самти истихроҷ ва истифодаи  сарватҳои маъмули умум аз ҷониби муовини Раиси Кумита З. Назарзода ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд. Пешниҳод карда шуд, ки масъалаи мазкур дар маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба муҳокима гузошта шавад.

Бо назардошти баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва супоришу пешниҳоди   таклифҳо  қарори дахлдор қабул карда шуд.