Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрии Хайрулло Ибодзода бо Найтан Риве

IMG_5010

6 апрели соли равон Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Барномаи Рушди Аврупо Найтан Риве вохўрӣ намуд.

Дар вохўрӣ ҷараёни иҷроиши лоиҳаи ёрии техникии «Баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ мешавад баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз тақвият ёфтани ҳамкориҳо дар рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист доир ба тағйирёбии иқлим изҳори қаноатмандӣ карданд.