Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар 7 моҳи соли 2018

Дар Маркази бозомӯзии ш. Гулистон маҷлиси навбатӣ  бо иштироки сардорони шуъбаҳои назоратӣ, шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», натиҷаҳои фаъолият дар 7 моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда  баррасӣ гардид.

Аз рӯи масъалаи якум намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муҳаррамзода Фаррух Неъмат баромад намуда, зикр кард, ки масъалаи мазкур дар ҳамаи баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал қарор дорад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарнок – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Мубориза бар зидди терроризм вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Ҳамчунин намояндаи Раёсат ба иштирокчиёни маҷлис даъват ба амал овард, ки вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат —  аз шаҳрванди оддӣ то корманди мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Сардори Раёсат аз номи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ваъда дод, ки ҳамчун хизматчиёни давлатӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии амалҳои ифротгароӣ, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба хотири амнияти кишвар  саҳми арзанда мегузоранд.

Аз рӯи рӯзномаи дуюми маҷлис маърӯза оид ба натиҷаҳои фаъолияти 7 моҳи  соли ҷорӣ шунида ва муҳокима гардид. Аз тарафи сардори Раёсат аз сардорони шуъбаҳои Раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ  карда шуд ва барои дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Раиси вилояти Суғд бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , бо ҷалби оммаи васеъ гузаронидани аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” бобати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист  супоришҳои мушаххас дода шуд. Ин иқдом мунтазам бахшида ба эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома меёбад.