Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти семоҳаи якуми соли 2016-и Кумита натиҷагирӣ карда шуд

IMG_5058

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2016 ҷаласаи Мушовара оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро Муовини Раиси Кумита Ойхон Шарифова оѓоз намуда, аз рўи масъалаи баррасишаванда Муовини Раиси Кумита Шамс Назаров баромад кард. Дар маърўзаи Ш. Назаров муваффақияту камбудиҳои ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҷойҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар доираи маърўзаи баррасишуда ҳисоботи масъулини Агентии обуҳавошиносӣ, раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суѓду Хатлон, шаҳри Душанбе, инчунин ҳисоботи сардорони Маркази назорати таҳлилии Кумита Э. Рустамов ва шуъбаҳои назорати давлатии Кумита оид ба масъалаи назорат ва истифодабарии об, олами набототу ҳайвонот; захираҳои моҳӣ, муомилот бо партовҳо ва истифодаву ҳифзи ҳавои атмосфера  шунида шуд. Баромадкунандагон, зимнан таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳуд бахшидани соҳаи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  манзур намуданд.

Аз рўи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдори Мушовара қабул гашт.