Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин , озмун эълон менамояд:

 

р/т Шумораи бастҳо Номгўи мансабҳои холӣ Маоши вазифавӣ (сомонӣ)
1 1 Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода, ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо 1150
2 1 Сардори шуъбаи экспертизаи маводҳо оид ба истифодаи сарватҳои табиӣ 1093
3 1 Сармутахассиси ҳуқуқи Раёсати корҳо 855
4 1 Сармутахассиси  Шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молия 855
5 1 Сармутахассиси  Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳисор 702
6 1 Сармутахассиси  Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Лахш 702
7 1 Мутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рўдакӣ 472

 

Талабот ба довталабон:

— маълумоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаб ишғолшаванда мувофиқ.
— ариза ба унвони роҳбари Кумита;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ №086УЕ
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
— тавсифнома аз ҷойи кори охирон;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

Нишонии  қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1 , индекс 734064, факс: (+992 37) 236-13-53, web-site: www.hifzitabiat.tj. E-mail: muhit@ hifzitabiat.tj.

Муҳлат: 21 рўз баъд аз рўзи эълон.

 Саволнома

Барои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Маълумоти мухтасар дар бораи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мазмуни моддаҳои 1 ва 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.Шакли давлатдорӣ дар Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия.
4.Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дихед.
6.Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар ва маънидод кунед.
7.Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муаллиф ва оҳангсози он).
8.Тартиби қабул намудани қонунҳо дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9.Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро номбар кунед.
10.Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, проблемаҳои дар онҳо бардошташуда.
11.Тартиби назорати иҷрои қонунгузорӣ дар Тоҷикистон.
12.Тартиби амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
13.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамкории сохторҳои Кумита бо онҳо.
14.Мақсади асосии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15.Моҳияти гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар чист?
16.Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти он.
17.Мақсади асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ»
18.Уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ.
19.Имтиёзҳои хизматчии давлатӣ.
20.Савганди хизматчии давлатӣ.
21.Принсипҳои асосии хизматчии давлатӣ.
22.Кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ.
23.Мафҳуми риоя намудани интизоми меҳнатию давлатӣ (қоидаҳои дохилии меҳнатӣ).
24.Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ.
25.Мақсади асосии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 №591 «Дар бораи тасдики Кодекси одоби хизматчии давлатӣ»
26.Қоидаҳои рафтори хизматчии давлатӣ ҳангоми адои хизмат ва берун аз хизмат.
27.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва мақсади асосии он.
28.Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмун ва мундариҷаи он.
29.Қонун «Дар бораи хочагиҳои деҳқонии фермерӣ».
30.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»
31.Мамнуъгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
32.Мақсади асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қаъри замин»
33.Партовҳои хатарнок кадомҳоянд ва чанд дараҷа доранд.
34.Тартиби додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо).
35.Масъалаҳои ҳисоби зарар ва пардохтҳои экологӣ ва ҳисобу китоб кардани онҳо.
36.Тартиби ба судҳои иктисодӣ омода намудани хуҷҷатҳо.
37.Протокол оид ба бастани ҷарима дар кадом ҳолат ва чи гунна тартиб дода мешавад.
38.3абони давлатии Точикистон, аҳамияти он.
39.Қаҳрамонони Тоҷикистони соҳибистиқлол (1997-2009) киҳоянд.
40.Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматии Шумо.
41.Масъалаҳои ба танзимдарории расму оинҳо дар ҷумҳурӣ.
42.Вазифаҳои асосии Кумита ва сохторҳои он.
43.Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ чист?
44.Ҳуҷҷати асосие, ки аз болои он зарар муайян карда мешавад.
45.Рушди туризм дар Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад?
46.Ба кадом Конвенсияҳои Созмони Миллали Муттаҳид доир ба муҳити зист Тоҷикистон шомил мебошад.
47.Бо кадом давлатҳо Тоҷикистон Созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи марбут ба муҳити зист ба имзо расонидааст.
48.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом қонунҳо дар бораи ҳифзи муҳити зист
қабул карда шудаанд.
49.Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони ЭДЭ аз чӣ иборат аст?
50.Вазифаҳои асосии ЭДЭ-ро шарҳ диҳед.
51.Мақсади асосии комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар чист?
52.Мақсади асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии экологӣ»
53.Объектхои экспертизаи экологӣ кадомҳоянд?
54.Чанд намуди экспертизаи экологӣ мавҷуд аст?
55.Шартҳои гузаронидани экспертизаи экологӣ кадомҳоянд?
56.Моҳияти экспертизаи экологӣ аз чӣ иборат аст?
57.Вазифаҳои асосии Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
58.Тартиби гирифтани иҷозати истифодаи махсуси об.
59.Ҳисоботи омории шакли 2ТП(водхоз) ва тартиби супоридани он.
60. Объектҳои ҳифзи муҳити зистро номбар кунед.
61. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об аз куҷо сарчашма мегирад.
62. Қонун, санад ва меъёрҳо оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об.
63. Назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об чист?
64. Мақомотҳои пешбарандаи мониторинги давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об.
65. Тартиб ва тарзи ҳисоби пардохти партовҳои обӣ
66. Тартиб ва тарзи ҳисоби зарари ба давлат расонидашуда.
67. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об.
68. Кадом обҳоро обҳои зеризаминӣ меноманд.
69. Минтақа ё хатти муҳофизати-санитарӣ чист, онро дар асоси кадом ҳуҷҷат барои кадом мақсад ҷудо карда мешавад.
70. Тартиби пармакунии чоҳҳои обгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
71. Баландшавии обҳои зеризаминӣ ва таъсири он ба муҳити зист.
72. Тартиби партофтани партовҳои оби ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он.
73. Гузаронидани назорати аналитикӣ ва мақсади асосии он.
74. Ҳадди имконпазирии партовҳои оби (ПДС) дар асоси кадом ҳуҷҷат тартиб дода мешавад ва мақсади он аз чӣ иборат аст?
75. Тартиби пешниҳоди маводҳо (даъво, иддао ва ғайра) ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ.
76. Дар кадом ҳолат фаъолияти корхона ё ташкилот манъ карда мешавад.
77. Кадастри давлатии об чист ва онро чи тавр мефаҳмед.
78. Мувозинат чист.
79. Ҳисобҳои (счет) актив ва пассивро номбар кунед.
80. Ҳисобгузории муҳосибавӣ дар муассисаҳои буҷети дар асоси кадом ҳуҷҷат иҷро карда мешавад.
81. Ҳисобдории аналитикӣ ва синтетикиро фаҳмонед.
82. Дебет ва кредит чист, таҳлилашро кунед.
83. Дар кадом ҳолатҳо санадҳои муқоисавӣ тартиб дода мешавад.
84. Дархостҳои тендерӣ дар кадом ҳолат тартиб дода мешаванд.
85. Борхатҳо барои чи лозим ва чи гуна аст.
86. Бовариномаҳо барои чи лозим аст.
87. Мақсад ва вазифаҳои мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ.
88. Аҳамияти пешгўиҳои гидрометеорологӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
89. Пешгўиҳои гидрометеорологӣ ва бо кадом муҳлат.
90. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд стансияи гидрометеорологӣ ва дидбонгоҳҳои гидрологӣ мавҷуд аст.
91. Тағйирёбии иқлим чист ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чи мушоҳида шудааст.
92. Самти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тағйирёбии
иқлим ва паст кардани таъсири он.
93. Кадом барномаҳо нисбати тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодаанд.
94. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологӣ».
95. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ».
96. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ».
97. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера».
98. Танзими партовҳо, механизмҳои иқтисодии беҳдошти муҳити зист.
99. Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», ҷиҳати танзими бамеъёрдарории партовҳо ва пардохтҳои экологӣ.
100. Пардохтҳои ҳатмии экологӣ чӣ тавр ҳисоб карда мешаванд ва тавассути кадом қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба танзим дароварда мешаванд.
101. Коэффисиентҳои изофавӣ дар кадом ҳолат истифода бурда мешавад.
102. Моҳияти асосии стратегия, барномаҳои давлатӣ, консепсия ва нақшаҳои миллӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди соҳа.
103. Партовҳо дар доираи лимит (меъёр), зиёда аз лимит ва партовҳои садамавиро шарҳ диҳед.
104. Консентратсияи ҳадди иҷозатӣ (ПДК) гуфта чиро мефаҳмед.
105. Ғунҷоиши экологӣ чӣ мафҳум аст?
106. Садамаҳои истеҳсолӣ, экологӣ ва табииро шарҳ диҳед.
107. Парокандашавии партовҳо дар атмосфера чи гунна баҳо дода мешавад?