Амалиёти «Кӯкнор 2018» дар вилояти Суғд

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 25 майи соли 2018, №58  ситоди идоравӣ ташкил ва  нақшаи кории он тасдиқ карда шудааст.

Оид ба иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кӯкнор-2018» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят корбарӣ намуда истодааст.

Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор шудаанд, ки оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2018» бо мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда, дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал, минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳо, ҳудуди боғҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳили дарёҳо ва кӯлҳо аз тарафи шӯъбаю бахшҳо якҷо бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят амалиётҳои муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо кормандони ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз 10 ҳазор бех ниҳоли худрӯйи бангдона дарёфт гардида, несту нобуд карда шуд. Дар ҳудуди дигари шаҳру ноҳияҳо ҳангоми гузаронидани амалиётҳои муштарак ниҳоли худрӯйи бангдона дарёфт карда нашудааст.

Дар рафти гузаронидани амалиётҳои муштарак дар байни аҳолии деҳаҳои ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич, Ашт, Шаҳристон, Айнӣ, Спитамен, Панҷакент, Исфара ва Зафаробод оид ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба кишту парвариши растаниҳои нашъаовар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Амалиёти мазкур идома дорад.