Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ш. Хуҷанд

Дар доираи омодагиҳо барои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷӯёни литсеи касбӣ-техникии № 44, № 56, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, беморхонаҳои физиотерапевтӣ ва касалиҳои дил аксияи дар ҳудуди шаҳр аксияи «Тозагии  соҳил»  гузаронида  шуд. Мақсади ин чорабинӣ  тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ,  идомаи корҳои созандагию ободкорӣ ва ҳисси ғамхорӣ ба манзараҳои  дилрабои Ватан мебошад.

Дар рафти аксия соҳили дарёи Сир аз купруки ҷашнӣ то варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият аз алафҳои бегона, партовҳо, алафҳои худрӯ тоза карда шуда, тақрибан 8м3 партовҳои ҳосилшуда аз тарафи КВДК “Хизматрасони наклиёти санитарӣ”-и ш. Хуҷанд ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.